ҶАЛАСАИ V ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАЛАСАИ V ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

13 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Котиби генералии Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ Маликшо Неъматзода ҷаласаи панҷуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар маросими оғози ҷаласаи Шӯро Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласа барор таманно намуд.

Дар кори ҷаласаи Шӯро раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва ҳайати Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон таъсис дода шуда, баъдан ҷониби Қирғизистон ва Муғулистон ба ҳайати Шӯро ворид шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.