Медали нуқраи дастаи футзали Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муборак бошад

Медали нуқраи дастаи футзали Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муборак бошад

Рӯзҳои 12 – 13 майи соли 2024 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи минтақавӣ оид ба Футзал барои дарёфти “Ҷоизаи шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.

Дар мусобиқаи зикргардида чаҳор даста аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.

Дар натиҷаи бозиҳои давраи дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ду ғалаба ба финали ин мусобиқа баромада, дар натиҷа дастаи футзали Федератсияи иттифоқҳли касабаи Ӯзбекистон бар дастаи футзали Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикисттн бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид.

Ҳамин тавр медалҳои нуқраи мусобиқаро дастаи Тоҷикистон бар гардан овехта, дастаи Қазоқистон ҷои сеюм ва Қирғизистон ҷои чорумро ишғол намуданд.

Ба ғолибон ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ дар чорабинии тантанавӣ супорида шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.