ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Котиби генералии Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ Маликшо Неъматзода ҷаласаи V Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Дар ҷаласаи Шуро раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва ҳайати Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2021 бо ташаббуси давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон таъсис дода шуда, баъдан Қирғизистон ва Муғулистон ба ҳайати Шуро ҳамроҳ шуданд.