Чорабинии ифтитоҳӣ бахшида ба оғози басти аввали истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд»

Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» чорабинии ифтитоҳӣ бахшида ба оғози басти аввали истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи МИҲД ноҳияи Шоҳмансур ва масъулини сохторҳои бахши маорифи шаҳр ва ноҳия ширкат намуданд.

Ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар 4 истироҳатгоҳ ба фароғат ҷалб мешаванд. Истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар дараи Варзоб тобеи шуъбаи маорифи н.Шоҳмансур аст. Дар маросими ифтитоҳии басти аввал зикр шуд, ки: “Тибқи Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе соли равон барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон тамоми шароит дар майдончаҳои солимгардонии назди мактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фароҳам оварда шудааст. Истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансур дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» дар 4 баст бо давомнокии 12 рӯз тариқи ройгон ба роҳ монда мешавад…”

Ҳамасола хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ин ҷо омада бо фароғату истироҳат давраи таътили худро сипарӣ менамоянд. Мувофиқи нақшаи рӯз истироҳати хонандагон оғоз аз машқи пагоҳирӯзӣ то оббозию хӯроки нисфирӯзӣ ва соати муаяйни хоб, машғул шудан бо бозиҳои шавқовар гузаронида мешавад Дар идома барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ширкатдорон гардонида шуд. Дар баробари ин бо иштироки тарбиятгирандагон ҳамзамон озмунҳои гуногун ташкил карда мешавад. Барои дӯстдорони адабиёти бадеӣ ҳамзамон маҳфилҳои адабӣ ташкил карда мешавад, ки хонандагон малакаи худро тақвият мебахшанд.

Илова ба хонандагони ноҳия, ҳамзамон дар ҳар як баст ба 20 нафар аз тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе барои истироҳату солимгардонӣ роҳхат дода мешавад. Ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати мавдои хӯроворӣ ва талаботиҳои дигар мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешаванд, то ин, ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.