Ҷиҳати назорати рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2024, № 99 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024” роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “ Ширкент “ воқеъ дар дараи хушманзараи шаҳри Турсунзода боздиди корӣ намуданд. Дар даври аввал ба ин истироҳатгоҳ беш аз 450 нафар наврасон аз мактаб интернатҳои ҷумҳурӣ ва аз оилаҳои камбизоат ҷалб гардидаанд.

