КУШОДАШАВИИ БАСТИ ЯКУМИ ЛАГЕРИ МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ СУҒД

Дар асоси нақшатачорабинии тасдиқнамуда, шоми 20 июн кӯшодашавии басти якуми лагери солимгардонии Суғд, ки бевосита ба Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд тобеъ аст, гузаронида шуд.

Басти якуми лагер аз санаи 18 июн оғоз гашта, 235 нафар толибилмони вилоят, ки фарзандони омӯзгорону кормандони соҳаи маорифанд ба истироҳат ҷалб шуданд.

Дар маросими кушодашавии лагер Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мӯсобек Самизода, муовини маркази таҳсилоти иловагии вилоят Қосимов Муиддинхон ва Матлубаи Мирзоюнус профессори факулети филологияи тоҷики МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», ҳамчун волидайни истироҳаткунандагон иштирок намудан.

Мӯсобек Самизода зимни оғози чорабинӣ таъкид дошт, ки барои кӯдакону наврасон дар лагери мазкур тамоми шароит муҳайё карда шудааст ва барои нигоҳубини истироҳаткунандагон мурабиёни ботаҷриба ҷалб шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки сол аз сол лагери мазкур симои худро дигар намуда, ободу зебо гардида истодааст, ки ин аз таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакону наврасон мебошад. Давоми ду рӯз кӯдакону наврасон омодагии ҷиддӣ дида, барномаи ҷолиби фарҳангиро омода ва пешниҳоди бинандагон гардониданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.