Санаи 3 январи 2025 дар толори хурди Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд пленуми Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардид.
Дар пленум якчанд масъалаҳо, аз ҷумла андешарониҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025, дар бори Нақшаи кории кумита барои соли 2025, дар бораи таъсиси идрорпулиҳо барои донишҷўёни Коллеҷҳои тибби шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардид.
Дар кори пленум раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ва раиси Шўрои собиқадорони меҳнати соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд Ҳакимов Фахриддин Нуриддинович иштирок ва баромад намуданд.
Маллаев О.М.-раиси кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд дар соли 2024 ҳисобот дод.
Раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи шаҳру ноҳияҳои Бўстон, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров ба музокира баромаданд.
Сипас Раиси Шўро Абдуллозода Ш.Б. оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, барои тақвият бахшидани фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.
Вобаста ба масъалаҳои матраҳ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.