ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кумитаҳои ҳамузви он, раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии ҷашнӣ Неъматзода Маликшо – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина, ходими намоёни давлатӣ, собиқ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шоҳиён А., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Маҳмадизода Нозим – директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли миллӣ» суханронӣ ва маърўза намуданд.

Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад. Мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем, иброз доштанд, кулли иштирокчиёни мизи мудаввар.

Leave a Comment

Your email address will not be published.