Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Муҳтарам аъзои иттифоқҳои касаба, ҳамдиёрони азиз, Шуморо бо фарорасии муқаддастарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик, 33-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани маҳбубамонро ба марҳалаи сифатан нави рушд расонанд.

         Дар зарфи беш аз се даҳсола мардуми мо тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намоянд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Бори дигар, ҷашни 33-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатиро  сидқан таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки ғояи волои истиқлол ва ҳадафҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан мароми ҳамешагии мо хоҳад буд.

Бо эҳтиром,

Раиси Федератсияи иттифоқҳои

касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода

Leave a Comment

Your email address will not be published.