Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ вв дизайни Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-оммавӣ бахшида ба 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарияти донишкада, устодону донишҷӯён ва меҳмонон иштирок намуданд.
Ҳозирин аз ҷумла зикр намуданд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Он авҷи дар амал татбиқшавии орзуву омолҳои миллат аст, ки бо ба вуҷуд овардани давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ, ҷойгоҳ ва мақоми худро устувор менамояд, миллатро бо забону фарҳанг ва ҳадафҳои таърихии хеш шинос месозад, низоми давлатдории худро интихоб, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Дар ҳамоиш Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуд.