Конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор

Конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор

Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи таҳририя, комиссияи ваколатдор, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшиданд.

Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои зеринро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод:

1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ;

2. Гузориши раиси комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ;

3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Санвор;

4. Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотӣ;

5. Интихоби вакилон ба конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар  конференсия ҳисоботи давравии ташкилот шунида шуд. Маълум гардид, ки аз моҳи июни соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар кори конфронс узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки   Ҳизб  таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар намуда, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, дар ҳошияи сафари корӣ Маликшо Неъматзода бо аъзои фаъоли ҳаракати иттифоқҳои касабаи ноҳия суҳбату муколамаҳо анҷом дод.

Leave a Comment

Your email address will not be published.