14.10.2024. Моҳи майи соли 2023 зимни ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Хитой-Осиёи Марказӣ сарони Тоҷикистону Хитой якҷоя оид ба созмон додани ҷамъияти ягонаи тақдирсози тоҷику хитойро эълон намуданд, ки дар асоси дӯстӣ ҳамраъйӣ манфиати дуҷониба ва бурди дутарафаи наслҳо асос ёфтааст.
Дар ин радиф имрӯз дар толори меҳмонхонаи “Румӣ”- и шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода ва муовини раиси Федератсияи умумихитоии иттифоқҳои касаба Ян Юйдуна баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Маликшо Неъматзода қаблан бо таври фишурда аз бобати фаъолият ва пешрафту дурнамои ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон нақл намуда, аз ҷумла қайд кард, ки маҳз саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули ташкилот бағоят бузург аст. Соҳибистиқлол гардидани давлати Тоҷикистон ба мустақил гаштани ташкилоти иттифоқҳои касаба куллан мусоидат намуд. Айни ҳол бо ташкилотҳои мухталифи иттифоқҳои касабаи кишварҳои мухталифи хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд.
Муовини раиси Федератсияи умумихитоии иттифоқҳои касаба Ян Юйдуна аз фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз наздик ошно гашта, ба он баҳои баланд дод. Ҳамчунин, умед бар он кард, дар оянда ҳамкориҳои тарафайн ва судбманд байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи умумихитоии иттифоқҳои касаба беш аз пеш вусъат хоҳанд ёфт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи умумихитоии иттифоқҳои касаба Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкори ба имзо расид.
Дар вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Си Шулион иштирок намуд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳанӯз 12 октябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагони Федератсияи умумихитоии иттифоқҳои касаба таҳти роҳбари муовини раиси он Ян Юйдуна ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафар меҳмонон аз корхонаҳои муштараки истеҳсолии тоҷикӣ-хитоӣ, ангурзорҳои шаҳри Турсунзода, Неругоҳи барқи обии Норак, Қалъаи Ҳисор ва дигар иншооту ҷойҳои тамошобоб дидан карданд.
Бахтиёр Назурдинов – Маркази матбуот
Тел: 006111557