ДУШАНБЕ,15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи умумичинии иттифоқҳои касаба Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ 14 октябр дар Душанбе дар вохӯрии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва муовини раиси Федератсияи умумичинии иттифоқҳои касаба Ян Юйдуна ба имзо расид.
Зимни вохӯрӣ Маликшо Неъматзода оид ба фаъолият ва пешрафту дурнамои ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон иброз дошт, ки «саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули ташкилот бағоят бузург аст. Соҳибистиқлол гардидани давлати Тоҷикистон ба мустақил гаштани ташкилоти иттифоқҳои касаба куллан мусоидат намуд. Ҳоло бо ташкилоти мухталифи иттифоқҳои касабаи мамлакатҳои зиёди хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст».
Муовини раиси Федератсияи умумичинии иттифоқҳои касаба Ян Юйдуна бо фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шинос гашта, ба он баҳои баланд дод. Ҳамчунин умед бар он намуд, ки дар оянда ҳамкории тарафайн ва судманд байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи умумичинии иттифоқҳои касаба беш аз пеш вусъат меёбад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати намояндагони Федератсияи умумичинии иттифоқҳои касаба таҳти роҳбари муовини раиси он Ян Юйдуна 12 октябр ба Тоҷикистон омад. Дар доираи сафар меҳмонон бо корхонаҳои муштараки истеҳсолии тоҷикӣ-чинӣ, ангурзори шаҳри Турсунзода, Неругоҳи барқи обии «Норак», Қалъаи Ҳисор ва дигар иншооту ҷойҳои тамошобоб шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2023 зимни иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Чин-Осиёи Марказӣ сарони Тоҷикистон ва Чин якҷоя ташкили ҷамъияти ягонаи тақдирсозро эълон намуданд. Он ба дӯстӣ, ҳамраъйӣ, манфиати дуҷониба ва бурди дутарафаи наслҳо асос ёфтааст.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон