Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад

ДУШАНБЕ, 15.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 144 миллион сомонӣ сохтмони боз 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад. Танҳо давоми 20 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 2 миллиард сомонӣ равона гардида, дар натиҷа заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам шуд ва фарогирии хонандагон ба таълим ба таври назаррас беҳтар гардид. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён доштанд.

Таъкид шуд, ки соли 2024 барои рушди соҳаи маорифи вилоят беш аз 300 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023  28 фоиз зиёд мебошад.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 43 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар вилоят 26 муассисаи таълимии томактабӣ, 157 маркази инкишофи кӯдак ва 313 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.