ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намуд. Дар доираи ин вохӯрии судманд Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лавҳа бо матои бофтаи нақшин, китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва маҷмуи матои бофтаи мунаққаши рӯйимизӣ туҳфа намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, лавҳа ҳамчун рамзи дӯстӣ аз ҷониби ҳунармандони эронӣ бо матои нақшин бофта шудааст.
Дар маркази он муқаддасоти миллии ду давлати дӯст – Парчами миллии Тоҷикистон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар атрофи лавҳа ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба монанди Оромгоҳи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Боғи Парчами миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Қалъаи Ҳисор, Майдони Истиқлол, Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Қалъаи Бам, Оромгоҳи Ҳофиз, Бурҷи гунбази Кавос, Мазори Фирдавсӣ, Тахти Ҷамшед, Мазори Нуронии Имом Ризо, Бурҷи милод, Пули Аҳвоз, Майдони Имом -Исфаҳон, Масҷиди ҷомеи Язд ва Оромгоҳи Хайём тасвир ёфтаанд.
Туҳфаҳои нодир дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуданд.
Ҳоло ин ҳадяҳо дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар гӯшаи алоҳида тибқи муқаррароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон