БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НИМНИҲОИИ ФУТБОЛИ КАЛОН БАЙНИ ДАСТАҲОИ ИСФАРА ВА ИСТАРАВШАН

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НИМНИҲОИИ ФУТБОЛИ КАЛОН БАЙНИ ДАСТАҲОИ ИСФАРА ВА ИСТАРАВШАН

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Спартакиадаи варзишӣ бахшида ба муносибати Рӯзи Иттифоқҳои касаба, ки ҳамасола 24-уми октябр таҷлил мегардад, аз рӯи намуди футболи калон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқа баргузор гардида истодааст.

Дар варзишгоҳи калони Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври нимниҳоии мусобиқа байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Исфара ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истаравшан баргузор гардид, ки дар вақти асосӣ ғолиб муайян нагардид ва дар иҷрои зарбаҳои ҷаримавии ёздаҳметра бо ҳисоби 5-4 омӯзгрони шаҳри Исфара пирӯз гардиданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.