Дирўз машғулияти навбатии курси Мактаби захираи кадрҳои Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баргузор гардид.
Дар суҳбат доир ба аҳамияти таърихию сиёсии Конститутсия, омӯхтани илму дониш, донистани забонҳои хориҷӣ, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат бобати таъмини сулҳу субот ибрози андеша намуда, ҷавононро барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ватандустӣ, дар ҳифзи манфиатҳои халқу миллат ҳамеша омода будан раҳнамоӣ намуд.
Дар анҷом шунавандагон ба саволҳои худ посух гирифтанд. Мулоқот хеле ҷолиб сурат гирифт.