Шоми 27 октябри соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ муҳтарам Муминзод Камолиддин бо сафари корӣ вориди шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск гардид.
Ҳайати мазкур иборат аз раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Солеҳзода, роҳбарони осоишгоҳҳои Зумрад, Баҳористон, Сатурн, Хоҷа Оби Гарм ва ширкатҳои сайёҳии Артуч, Скай тур, Ориент Адвентур ва Сайри Бустон мебошад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии “Кольцово”- и Екатеринбург ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ҷаноби Зафар Сайидзода, мудири шуъбаи Департаменти рушди сайёҳӣ ва саноати меҳмонондории вилояти Свердловск хонум Татьяна Ильина, ректори Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналхалқии Свердловск хонум Ольга Пирогова ва шахсони масъули Вазорати равобити байналмилалӣ ва иқтисодии вилояти Свердловск Анастасия Охрименко ва Юлия Загоскина гарму самимона пешвоз гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз сафари мазкур ин иҷрои муқаррароти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути муаррифии иқтидорҳои сайёҳии кишвар ва ба ин васила ҷалби бештари сайёҳону ҷаҳонгардон, бахусус аз корхонаҳои бузурги саноатии вилояти Свердловски Федератсияи Россия мебошад. Сафари мазкур аз 27 то 31 октябри соли 2024 дар назар дошта шудааст.