Ҷаласаи пленуми  6-уми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони  хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ

Ҷаласаи пленуми  6-уми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони  хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ

Санаи 2 январи соли 2025 дар толори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, бо иштироки васеъи аъзои пленум ва як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа ҷаласаи пленуми 6-уми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони  хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори пленум масъалаҳои зерин дида баромада шуданд:                       

1. Оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 12. 2024.

2. Ҳисоботи Кумитаи  иттифоқи касабаи кормандони  хоҷагии манзилию  коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳои навбатӣ  барои соли  соли 2025.  

3. Масъалаҳои ташкилӣ.

4. Тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи  якуми  соли 2025.

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Масъалаҳое, ки дар рўзномаи пленум  дарҷ  гардида  буданд, баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.         

Дар кори пленум муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода иштирок ва суханронӣ намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.