5 майи соли 2026 дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон–2026» бахшида ба ташкилу назорат ва омодагии ҳамаҷонибаи макони истироҳати кӯдакону наврасон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши муҳим раисони ташкилотҳои ҳамузви Федератсия, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар Қарахон Чиллазода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки чорабинии имрӯза ҷиҳати иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №91 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» равона шудааст ва омодагии лагерҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои гузашта ва нишондодҳои мавсими қаблӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки дар мавсими тобистони соли 2025 зиёда аз 9265 нафар кӯдакону наврасони кишвар ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта шуда буданд ва таҷрибаву дастовардҳои соли гузашта барои боз ҳам беҳтар намудани шароит дар мавсими нав заминаи хуб мегузорад.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси Федератсия ба роҳбарони истироҳатгоҳҳо ва масъулини соҳа ҷиҳати таъмини амният, беҳтар кардани шароити санитарию гигиенӣ ва ташкили босифати низоми таълиму тарбияи кӯдакон дар соли 2026 дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.



