Санаи 17 июни соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷаласаи кории раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҳадафҳои оинномавии иттифоқи касаба, аз ҷумла дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2025, пардохти қарзи музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои хоҷагии халқи вилоят, ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият дар кумитаҳои соҳавии вилоят, риояи интизоми иҷроия ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва пурсиш қарор дода шуданд.
Дар фарҷом Раиси Шӯро нисбати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини сифатноки иҷрои дастуру супориш ва қарорҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифагузорӣ намуд.