Муҳтарам аъзои иттифоқҳои касаба, ҳамдиёрони азиз!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шумо табрик гуфта, таманно мекунам, ки ин рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ дар фазои сулҳу суботи Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад ва мардуми кишварро ба сӯи ояндаи дурахшон ва музаффариятҳои нав ба нав раҳнамун созад.
Боиси таъкид аст, ки раванди давлатсозӣ ва қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар маҳз аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба суйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид”.
Парчам нерӯи муттаҳидкунанда дошта, инъикосгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мо ва махсусан ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти миллат аст, ки ба ин рамзи истиқлолу озодӣ, худогоҳию худшиносӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳамеша арҷ гузорем. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ эҳсоси меҳанпарастиро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор месозад ва миллатро ба сӯи фардои ободу озод раҳнамоӣ мекунад.
Таманно мекунем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад парафшон бошад!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Раиси Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон
Маликшо Неъматзода