ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Туркманистон иштирок намуданд.
Ҷаласа бо суханони ифтитоҳии Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко оғоз гардида, нахуст рӯзномаи ҷаласаи Шуро тасдиқ карда шуд. Тибқи рӯзнома Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор масъалаҳо, аз ҷумла фаъолияти Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ ва мақомоти кории он, Муроҷиати Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба ва дигар масоили ҷориро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд.