Санаи 7 декабри соли 2024 дар толори муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” ба ифтихори 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Конференсияи ноҳиявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” доир гардид, ки дар он Неъматзода Маликшо – Раиси Федератсияи Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон, Абдусаломзода Анзурат – муовини Раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саломзода Сиҷоуддин – Раиси ноҳияи Данғара, Хайрзода Шукрулло – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Сайдализода Садриддин Достӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок доштанд. Пеш аз оғози кори Конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия, ҷавонон ва ҳамчунин аз осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд.
Нахуст бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ноҳиявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” оғоз гардид, ки дар он ҳайати Раёсати Конференсия оид ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баланд гардидани обрӯву нуфузи ҳизб, марҳилаҳои минбаъдаи фаъолияти ин ниҳоди фаъоли сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, иштироки фаъолонаи аъзову ҷонибдорони ҳизб дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла насли наврасу ҷавон, вусъатбахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоро ёдовар гардиданд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардид, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга дошт ва ба ояндаи дурахшони Ватан умед ё боварӣ намонда буд. Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарию роҳнамоии сарвари оқилу хирадмандаш бо пуштибонӣ аз суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки гузаштагонамон ҷиҳати бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл намудани муноқишаву нофаҳмиҳо тавонист, ки ба кишвар сулҳу субот ва ваҳдат орад.
Сипас якчанд нафар собиқадорон, аъзоёни фаъоли ҳизб ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб бо тӯҳфаҳо ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара қадрдонӣ гардиданд.
Конференсияи ноҳиявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт. Баъди анҷоми Конференсияи ноҳиявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони ноҳияи Данғара бо суруду оҳангҳои ватандӯстона ба чорабинӣ шукӯҳи идона зам намуданд.