ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Нишонӣ: шаҳри Душабе кучаи Маяковский 1/13

Почтаи электронӣ: littifoki-kasaba.tj@mail.ru,

h-mehnat@mail.ru

Тамоси телефонӣ: 235 46 86

Алоқамандони гиромӣ, дар саҳифаи кунунии «Ҳифзи меҳнат” масъалаҳои асосҳои қонунгузорӣ оиди ҳифзи меҳнат ва тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд дар истеҳсолотро мудири Шуъбаи ҳифзи меҳнат,     сарнозири меҳнати дастгоҳи марказии Федератсия Акобир Қурбонов шарҳ медиҳад:

 24   октябри соли 2019 вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, баргузор гардида буд ва дар баромади худ Сарвари давлатамон баён намуданд, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд ва ин корро нозирони  иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд. Ҳамчунин баён карда шуд, ки “Руй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.

        Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатарии корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатарии меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад” – таъкид доштанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

   Воқеан ин дуруст мебошад, зеро мутобиқи моддаи 343 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилот ё вориси ҳуқуқии он ӯҳдадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳодисаҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи 12-моҳаи ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд. Ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ба оила ӯ илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати 60-моҳаи фавтида кумакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро “Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд” , ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, таҳти №661 қабул шудааст , ба тамзин медарорад.   

  Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнати кормандон ва таъмини шароити хуби бехатар дар ҷойи кории онҳо  доимо дар таҳти назорати Ҳукумат ва сарвари давлат мебошад.

    Бо ташабусси Вазорати меҳнат ,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат қабул карда шуд. Ба ғайр аз он, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 конвенсия ва 22 тавсияҳои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ташкилоти байналхалқӣ шомил аст,  маъқул дониста шуд ва қабул гардид. Аз онҳо 21 конвенсия  ба ҳифзи меҳнат ва шароити кории меҳнаткашон бахшида шудааст. Ин конвенсияҳо ҳамчун санадҳои меъёрии байналмиллалӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.

    Баъд аз он, албатта бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии байналмиллӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ қабул карда шуданд.

Инҳо:

  1. Конститутсияи ҶТ;
  2. Кодекси меҳнати ҶТ ;
  3. Қарорҳои Ҳукумити ҶТ;
  4. Фармонҳои Президенти ҶТ;

Оиди Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014,№661 тасдиқ шудааст, посух медиҳем.

   Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон муносибатҳоро оид ба ҷуброни зараре, ки сабаби захмбардорӣ, бемории касбӣ ё фавти кормандон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ мегардад, ба танзим медарорад. Корфармо барои расонидани зарар ба саломатии кормандон, хизматчиён, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар коопиративҳо, инчунин ба шаҳрвандоне, ки тибқи шартномаҳои гражданию ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, дар натиҷаи захмбардории меҳнатӣ, ки бо гуноҳи корфармо чӣ дар ҳудуд ва чӣ берун аз Худуди он, инчунин ҳангоми ба ҷойи кор омадан ё аз ҷойи кор рафтан бо нақлиёти пешниҳоднамудаи корфармо рух додааст, ҷабргарии моддиро ба ӯҳда дорад.

   Корфармо вазифадор аст зарареро, ки ба саломатии корманд ҳангоми иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ аз сарчашмаи хатари зиёд расонида шудааст, агар аз таъсири қувваи рафънопазир ё беэҳтиётии корманд ба вуқӯъ омадани онро исбот карда натавонад, пурра ҷуброн намояд. Захмбардории меҳнатӣ ҳамон вақт бо гуноҳи корфармо бавуқӯъомада ҳисобида мешавад, агар он дар натиҷаи таъмин накардани шароити бехатари меҳнат ба вуҷуд омада бошад.

   Агар беэҳтиётии ҷабрдида барои ба вуҷуд омадан ё зиёдшавии зарар мусоидат карда бошад, пас вобаста ба дараҷаи гуноҳи ҷабрдида ҳаҷми зарар мутаносибан кам карда мешавад. Ҳангоми беэҳтиётии ҷабрдида ва мавҷуд набудани гуноҳи корфармо дар сурате, агар ҷавобгарии ӯ новобаста ба гуноҳ ба вуҷуд ояд, ҳаҷми ҷуброн низ мутаносибан кам мешавад. Бо вуҷуди ин барои даст кашидан аз ҷуброни зарар роҳ дода намешавад. Ҳангоми муайян кардани дараҷаи гуноҳи ҷабрдида хулосаи кумитаи иттифоқи касабаи коргоҳ ба ин масъала баррасӣ карда мешавад. Ҷавобгарии омехта ҳамчун ҷавобгарии иловагии ҷуброни зарар ҳангоми пардохти кӯмакпулии яквақта, инчунин ҳангоми пардохти ҷуброни зарар бо сабаби фавти саробон амалӣ карда намешавад.  

   Дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатии касбии ҷабрдида дар натиҷаи захмбардории меҳнатӣ аз ҷониби мақоми давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо фоиз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар сурати тағйирёбии дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатии касбии ҷабрдида, шумораи шахсони ба гирифтати ҷуброни зарар ҳуқуқдошта, бозҳисобии маблағҳои пардохтшаванда амалӣ карда мешавад. 

   Пардохти ҷуброни зарар аз ҷониби корфармое, ки барои расонидани зарар ҷавобгар мебошад, амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати таҷдид ё барҳам хӯрдани корхона, пардохти он аз ҷониби вориси ҳуқуқии вай, ҳангоми набудани он аз ҷониби мақоме, ки ба он маблағҳои ҷамъшуда барои ҷуброни зарар гузаронида шудаанд ё бояд гузаронида шаванд, анҷом дода мешавад.

Ҳаҷми ҷуброни зараре, ки бояд ба зарардида ҷуброн карда шавад

    Ҳаҷми ҷуброни зарар бо фоиз аз музди меҳнати ҷабрдида то захмбардории меҳнатӣбо назардошти дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатии касбӣ муайян карда мешавад. Дар мавриди ҷуброни музд ва ё қисми он нафақаимаъюбӣ вобаста ба захмбардории меҳнатӣ, инчунин дигар намудҳои нафақа, ки то захмбардорӣ ва ё баъд аз захмбардорӣ таъин шудаанд, ба ҳисоби ҷуброни зарар дохил намешавад. Инчунин ба ҳисоби ҷуброни зарар музде, ки ҷабрдида баъди захмбардорӣ мегирад, низ дохил намешавад.

Корфармое, ки барои расонидани зарар ҷавобгар мебошад, вазифадор аст, ки ба ҷабрдида илова ба пардохти музди миёнаи моҳона хараҷоти иловагиро ҷуброн намояд. Ба ҷуброни хараҷоти иловагӣ дохил мешавад: хариди ғизои иловагӣ, доруворӣ, протезгузорӣ, нигоҳубини ҷабрдида, табобати санитарию курортӣ, бо назардошти пардохти роҳкиро то ҷойи табобат ва бозгашт аз он ҷой ва дар ҳолатҳои зарурӣ пардохти роҳкирои роҳбалади ҷабрдида, дастрас намудани воситаҳои махсуси нақлиёт, таъмири пурраи ин воситаҳо, хариди сӯзишворӣ ва дигар кӯмаке ки ҷабрдида ба он ниёз дорад ва онро аз дигар корфармоён музднок гирифтаст.

   Ба кормандоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудаанд, илова ба маблағи ҷуброни зарар барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда на камтар аз даромади 12-моҳаи ҷабрдида кӯмакпулии яквақта дода мешавад.     Ба шаҳрвандоне ки ҳуқуқ ба гирифтани ҷуброни зарар бо сабаби фавти саробон ҳуқуқ доранд, корфармо кӯмаки моддии яквақтаинаро дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи меҳнати 60 – моҳаи фавтида, пардохт менамояд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.