БАРГУЗОРИИ ПЛЕНУМИ КУМИТАИ СОҲАВӢ

БАРГУЗОРИИ ПЛЕНУМИ КУМИТАИ СОҲАВӢ

Санаи 30 декабри соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар пленум ду масъала: андешарониҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баррасӣ гардид.

Ҳамчунин дар кори пленум муовини аввали раиси Шўро Обидзода Нумон Юлдошӣ иштирок намуд.

Ҷаласаро раиси Кумита Қобилов Олимҷон Муҳаммадҷонович оғоз намуд.

Сипас дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар Обидзода Н.Ю. – муовини аввали раиси Шўро баромад намуд.

Оид ба масъалаи дуюм раиси Кумита Қобилов О.М. дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар соли 2024 ҳисобот дод.

Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид. Сипас якчанд нафар пешқадамони соҳа бо Сипосномаи Кумита қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.