Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №97 ва қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2025, №ШГ23/3 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2025» бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор намудани истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар вилоят семинари дастурдиҳӣ бо иштироки мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, шахсони масъул ва директорони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ баргузор гардид.
Дар семинар раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода баромад намуда, оиди рафти омодагӣ ба мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бартараф намудани норасогиҳои ҷойдошта, сари вақт ва сифатнок таъмир намудани лагерҳои беруназшаҳрӣ, бо мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин намудани лагерҳои беруназшаҳрӣ, таъмини иҷрои қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ “Тобистон-2025”, ки санаи 25 апрели соли 2025 баргузор гардид, андешаронӣ намуд.
Сипас муовини директори Маркази ҷумҳуриявии Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Партоев Ҷамшед баромад намуд.
Ҳамчунин намояндагони Маркази назорати давлати санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, Хадамоти оташнишонии вилоят ва мудири шуъбаи созмони хонандагони Маркази ҷумҳуриявии Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Шарифов Тоҳир оиди коргузорӣ, намунаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва санадҳои лозима дар истироҳатгоҳҳо маърӯза намуд. Дар интиҳо иштирокдорони семинар ба саволҳои худ посухҳо гирифтанд.