ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ҚАРАХОН ЧИЛЛАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ҚАРАХОН ЧИЛЛАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Собиқадорони арҷманди ҳаракати иттифоқҳои касаба!

Муҳтарам роҳбарону фаъолони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба!

Ҳамкасбони гиромӣ ва аъзои иттифоқҳои касабаи кишвар!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки ҳамасола 24-уми октябр таҷлил мегардад, сидқан табрик мегӯям.

Рӯзи иттифоқҳои касаба на танҳо арҷгузорӣ ба заҳмати чандин насли кормандон ва фаъолони ин ҳаракат, балки рамзи ҳамбастагӣ, адолати иҷтимоӣ, эҳтиром ба меҳнати инсон ва масъулияти муштараки мо дар назди ҷомеа мебошад.

Дар ин рӯзи фархунда мо ба роҳи тайкардаи ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, саҳми арзандаи собиқадорон ва фаъолияти содиқонаи ҳамаи онҳое, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон, беҳтар намудани шароити меҳнат ва таҳкими кафолатҳои иҷтимоӣ талош варзидаанд, арҷ мегузорем.

Дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа ва иқтисодиёти кишвар дигаргуниҳои назаррасро аз сар гузаронида, муносибатҳои меҳнатӣ низ марҳилаҳои нави рушдро тай намудаанд. Дар ин раванд, иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди муҳими ҷамъиятӣ дар ҳимояи манфиатҳои кормандон, рушди шарикии иҷтимоӣ ва мусоидат ба ташаккули муносибатҳои одилонаву созандаи меҳнатӣ нақши худро иҷро менамоянд.

Дӯстони гиромӣ!

Дар таърихи муосири ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 24 октябри соли 2019 баргузор гардид, аҳаммияти хосса дорад.

Ин рӯйдоди муҳим аз таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба мақому нақши иттифоқҳои касаба дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии шаҳрвандон ва таҳкими шарикии иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат масъалаи эътирофи расмии саҳми иттифоқҳои касаба дар ҷомеа ва арҷгузорӣ ба фаъолияти аҳли заҳмат аҳаммияти тозаро касб намуд.

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 октябр ҳамчун Рӯзи иттифоқҳои касаба ба тақвими идҳои кишвар ворид гардид. Ин иқдом барои гиромидошти заҳмати чандин насли кормандон, собиқадорон ва фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба, инчунин баланд бардоштани мақоми ҷамъиятии ин ниҳод заминаи муҳим эҷод намуд.

Нақши Пешвои миллат, қабл аз ҳама, дар таъкиди аҳаммияти иҷтимоии иттифоқҳои касаба ва зарурати фаъолияти масъулонаву натиҷабахши онҳо ифода меёбад. Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити кор, риояи қонунгузории меҳнат, тақвияти кафолатҳои иҷтимоӣ ва рушди муколамаи созанда байни кормандон, корфармоён ва давлат масъалаҳое мебошанд, ки дар муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи ин ниҳод аҳаммияти муҳим доранд.

Имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба ин таваҷҷуҳи Сарвари давлат бо натиҷаҳои мушаххаси фаъолияти худ посух диҳем, фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаро такмил диҳем, шарикии иҷтимоиро таҳким бахшем ва барои фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнату зиндагии аҳли заҳмат саҳми бештар гузорем.

Мо бояд бо дарки баланди масъулият, садоқат ба рисолати иттифоқҳои касаба ва эҳтиром ба қонунгузории кишвар фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мутобиқ созем. Эътимоди аъзои иттифоқҳои касаба, самаранокии ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ва иштироки фаъол дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ бояд меъёри асосии арзёбии фаъолияти ҳар як сохтори Федератсия бошанд.

Бо чунин муносибат метавонем мақоми иттифоқҳои касабаро дар ҷомеа таҳким бахшида, дар татбиқи ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии меҳнаткашон саҳми арзанда гузорем.

Бо вуҷуди тағйирёбии шароити иқтисодӣ, шаклҳои шуғл ва шиддат гирифтани вазъи бозори меҳнат рисолати асосии иттифоқҳои касаба, яъне  ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кормандон, мусоидат ба таъмини меҳнати арзанда, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳнату зиндагии шоистаи инсон тағйирнопазир боқӣ мемонад.

Имрӯз фаъолияти иттифоқҳои касаба бояд на танҳо бо баррасии муроҷиатҳо ё ҳалли баҳсҳои алоҳидаи меҳнатӣ маҳдуд  гардад, балки мо бояд дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузории меҳнат, пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои кормандон, беҳтар намудани шароити кор, густариши шарикии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли заҳмат фаъолона иштирок намоем.

Иттифоқҳои касаба бояд ҳамзамон бо корфармоён ва шарикони иҷтимоӣ муносибатҳои созанда ба роҳ монда, масъалаҳои баҳснокро тавассути муколама, музокирот ва механизмҳои қонунии ҳалли ихтилофҳо баррасӣ намоянд. Зеро ҳадафи муштараки мо ташаккули муҳити меҳнатиест, ки дар он ҳуқуқи инсон эҳтиром карда шавад, меҳнати софдилона қадр гардад, бехатарии кормандон таъмин бошад ва барои рушди касбӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳли заҳмат имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.

Ҳамкасбони муҳтарам!

Имрӯз муносибатҳои меҳнатӣ дар шароити тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, пайдоиши шаклҳои нави шуғл ва афзоиши талабот ба дониш ва малакаҳои касбӣ қарор доранд. Ин равандҳо аз иттифоқҳои касаба муносибатҳои нав, ташаббускорӣ ва истифодаи усулҳои муосири фаъолиятро тақозо мекунад.

Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ташкилотҳои иттифоқҳои касабаро ба ниҳоди воқеан фаъол, дастрас ва эътимодбахш табдил диҳем, ки дар ҳалли мушкилоти ҳаррӯзаи кормандон саҳми мушаххас гузорад.

Дар ин замина, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, мусоидат ба музди меҳнати одилона ва арзанда, беҳтар намудани шароити кор, тақвияти кафолатҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ихтилофҳои меҳнатӣ бояд дар маркази фаъолияти мо қарор дошта бошанд.

Ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатарии кормандон самти афзалиятноки фаъолияти иттифоқҳои касаба мебошад. Ҳеҷ гуна дастоварди истеҳсолӣ ё иқтисодӣ набояд аз саломатӣ ва амнияти инсон болотар гузошта шавад. Мо бояд дар ҳамкорӣ бо корфармоён барои риояи меъёрҳои бехатарӣ, таъмини кормандон бо воситаҳои муҳофизатӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва баланд бардоштани маърифати фарҳанги бехатарии меҳнат тадбирҳои пайваста андешем.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо низ аҳаммияти калон дорад. Роҳбарону фаъолони иттифоқҳои касаба бояд ба қонунгузории меҳнат, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ, усулҳои гуфтушунид ва ҳалли баҳсҳо, инчунин ба воситаҳои муосири идоракунӣ ва иртиботӣ хуб мусаллат бошанд. Танҳо бо кадрҳои донишманду ташаббускор метавонем ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқҳои касабаро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоем.

Дар шароити рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ рақамикунонии фаъолияти иттифоқҳои касаба барои беҳтар намудани дастрасии хизматрасониҳо, баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти ташкилотҳо амри зарурӣ арзёбӣ мегардад. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бояд ба соддагардонии равандҳои корӣ, такмили мубодилаи иттилоот ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои иттифоқҳои касаба равона гардад.

Ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва оилаҳои онҳо самти дигари муҳимми фаъолияти мост. Дастгирии аъзои ниёзманд, таваҷҷуҳ ба собиқадорони меҳнат, мусоидат ба ташкили истироҳату солимгардонӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки кормандон дар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ барои таҳкими ҳамбастагӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳли заҳмат мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти иттифоқҳои касаба ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки фаъолонаи занон дар идоракунӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирад. Ҷавонон бо дониш, малакаҳои рақамӣ ва ташаббусҳои нав метавонанд ба навсозии фаъолияти ташкилотҳо саҳми назаррас гузоранд. Аз ин рӯ, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва ҷалби намояндагони насли ҷавон ба раванди таҳияи қарорҳо аҳаммияти стратегӣ дорад.

Мо бояд фаъолияти худро на танҳо аз рӯи шумораи чорабиниҳои баргузоршуда, балки пеш аз ҳама аз рӯи натиҷаҳои воқеӣ, яъне то чӣ андоза шароити меҳнат беҳтар гардид, ҳуқуқҳои кормандон ҳифз шуданд, муроҷиатҳо сари вақт баррасӣ гардиданд, кафолатҳои иҷтимоӣ тақвият ёфтанд ва эътимоди аъзои иттифоқҳои касаба ба ташкилотҳои худ афзуд, арзёбӣ намоем.

Дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои меҳнатӣ ҳамкории байналмилалии иттифоқҳои касаба аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Табодули таҷриба, омӯзиши усулҳои пешқадами ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва истифодаи имкониятҳои ҳамкории байналмилалӣ метавонанд ба такмили фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили низоми ҳифзи меҳнат ва таҳкими шарикии иҷтимоӣ имкониятҳои муфид фароҳам меорад.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо иттифоқҳои касабаи кишварҳои дигар ва сохторҳои байналмилалии соҳавӣ идома дода, барои табодули таҷриба, такмили дониш ва малакаи фаъолон ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ талош менамояд.

Дар баробари такмили самтҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба навсозии низоми идоракунӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тамоми сохторҳои Федератсия аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давраи муосир ба ҳисоб меравад. Талаботи замон моро водор месозад, ки усулҳои идоракунӣ, механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолият ва шаклҳои ҳамкорӣ бо аъзои иттифоқҳои касабаро пайваста такмил дода, фаъолияти ташкилотҳоро ба принсипҳои самаранокӣ, шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва масъулияти баланд асос гузорем.

Мо бояд барои ташаккули низоми муосири идоракунӣ талош намоем, ки дар он ҳар як сохтори Федератсия ва ҳар як роҳбари иттифоқи касаба вазифаҳои худро ба таври возеҳ дарк намуда, барои натиҷаҳои фаъолияти худ масъулияти воқеӣ дошта бошад. Ҳамоҳангсозии самараноки фаъолияти сохторҳо, такмили банақшагирии стратегӣ, истифодаи усулҳои муосири идоракунӣ ва ҷорӣ намудани арзёбии мунтазами натиҷаҳо барои баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои иттифоқҳои касаба замина фароҳам меоранд.

Итминон дорам, ки навсозии идоракунӣ, рушди фарҳанги ҳисоботдиҳӣ, тақвияти мустақилияти ташкилотҳои узв ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарон имкон медиҳанд, ки Федератсия ва тамоми сохторҳои он боз ҳам муттаҳид, муосир ва натиҷамеҳвар гардида, ба ниёзҳои воқеии аҳли заҳмат посухи муносиб диҳанд. Ҳадафи ниҳоии ҳамаи ин тадбирҳо бояд таҳкими эътимоди аъзои иттифоқҳои касаба ва баланд бардоштани самаранокии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо бошад.

Ҳозирин гиромӣ ва ҳамкасбони арҷманд!

Дар ин рӯзи фархунда мехостам ҳамчунин бо эҳтироми хос ба собиқадорони ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон муроҷиат менамоям.

Шумо бо таҷрибаи ғанӣ, меҳнати софдилона ва садоқати худ дар ташаккули анъанаҳои неки ҳаракати иттифоқҳои касаба саҳми арзанда гузоштаед. Заҳмату талошҳои чандин насли собиқадорон барои таҳкими ин ниҳод, ҳифзи манфиатҳои кормандон ва рушди ҳамбастагии иҷтимоӣ заминаи муҳим фароҳам овардааст.

Мо аз фаъолияти ҳамаи онҳое, ки дар марҳилаҳои гуногун барои ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон, беҳтар намудани шароити меҳнат ва таҳкими ташкилотҳои иттифоқҳои касаба хизмат кардаанд, самимона изҳори сипос менамоем. Таҷрибаи шумо барои насли имрӯзаи фаъолон мактаби масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва эҳтиром ба манфиатҳои аҳли заҳмат мебошад.

Сипоси самимии худро ба роҳбарону фаъолони ташкилотҳои соҳавӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ибтидоии иттифоқҳои касаба, ки дар муассисаҳо ва корхонаҳои кишвар фаъолияти худро содиқона идома медиҳанд, изҳор менамоям.

Шумо бо меҳнати ҳаррӯзаи худ робитаи мустақимро бо кормандон таъмин намуда, масъалаҳои онҳоро баррасӣ мекунед, барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию меҳнатӣ талош меварзед ва дар таҳкими эътимод ба иттифоқҳои касаба саҳм мегузоред. Маҳз фаъолияти масъулона ва натиҷабахши ҳар як ташкилоти ибтидоӣ пояи эътибору нуфузи умумии ҳаракати иттифоқҳои касаба мебошад.

Ба ҳамаи аъзои иттифоқҳои касаба: омӯзгорон, табибон, муҳандисон, коргарони истеҳсолот, кормандони соҳаи хизматрасонӣ, кишоварзон ва намояндагони дигар касбу кор барои меҳнати созанда, масъулияти касбӣ ва саҳмашон дар рушди иқтисоди миллӣ ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори сипос менамоям.

Маҳз меҳнати софдилонаи шумо асоси пешрафти кишвар, беҳбудии зиндагии мардум ва таҳкими некӯаҳволии ҷомеа мебошад. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шумо вазифаи асосӣ ва шарафи бузурги иттифоқҳои касаба аст.

Муҳтарам собиқадорон, роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи кишвар!

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, хушбахтии оилавӣ, неруи созанда, иродаи қавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақиятҳои нав орзу менамоям.

Бигзор ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, адолати иҷтимоӣ ва садоқат ба манфиатҳои аҳли заҳмат ҳамеша сармашқи фаъолияти мо бошанд. Бовар дорам, ки бо такя ба таҷрибаи андӯхта, эҳтиром ба қонун, масъулияти баланди касбӣ ва ҳамкории созанда бо шарикони иҷтимоӣ метавонем фаъолияти иттифоқҳои касабаро боз ҳам тақвият бахшида, дар ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, таъмини меҳнати арзанда ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони кишвар саҳми бештар гузорем.

Рӯзи иттифоқҳои касаба муборак бошад!

Leave a Comment

Your email address will not be published.