Ҳамасола 16-уми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихи навини худ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору шукӯҳи хоса таҷлил менамоянд. Ин ҷашн рамзи эҳтиром ба ниҳоди олии ҳокимияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои пайваста, хиради сиёсӣ ва хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.
Барои дарки амиқи моҳияти ин рӯз ба саҳифаҳои таърихи солҳои 90-уми асри гузашта назар афкандан кофист. Дар он марҳилаи ҳассос, ки давлати тозаистиқлоли мо дар вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ қарор дошт, зарурати ташаккули низоми устувори идоракунии давлатӣ ба миён омад. 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, ки шакли идораи президентӣ ва кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуд.
Маҳз 16-уми ноябри соли 1994, дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва таҳкими ваҳдати миллӣ гардид. Таҷлили расмии ин сана, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муқаррар шудааст, нишонаи қадршиносии хизматҳои таърихӣ дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Яке аз самтҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо давлати иҷтимоӣ буда, вазифадор аст барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварад. Дар ин замина, таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди саноат, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд. Татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар низ барои рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти меҳнатии кормандони соҳаҳои гуногун заминаи устувор мегузорад.
Дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ ва намояндаи қонунии манфиатҳои аҳли меҳнат муҳим арзёбӣ мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Сарвари давлат заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти иттифоқҳои касаба такмил ёфта, низоми шарикии иҷтимоӣ миёни Ҳукумат, корфармоён ва иттифоқҳои касаба рушд карда, ба марҳилаи нави ҳамкорӣ ворид гардид.
Имрӯз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар самтҳои зерин корҳои назаррасро ба роҳ мондааст:
Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ. Ташкили назорати ҷамъиятӣ оид ба риояи қонунгузории меҳнат, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаву муассисаҳо, инчунин мусоидат ба бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти иттифоқҳои касаба мебошанд.
Беҳтар намудани шароити истироҳат ва табобати кормандон. Рушди инфрасохтори осоишгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва лагерҳои солимгардонии кӯдакона барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, барқарорсозии саломатии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо равона шудааст.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли меҳнат. Баргузории ҳамоишҳо, курсҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва риояи волоияти қонун дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, барои муттаҳид сохтани аҳли меҳнат дар корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ пайваста талош меварзанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари ваҳдату ҳамбастагии халқ ва эҳтиром ба ниҳоди президентӣ дар низоми давлатдории миллӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ роҳи пешрафту тараққиётро идома дода, барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои созандаро амалӣ менамояд.
Аҳли заҳмат ва аъзои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ин санаи муборакро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифта, минбаъд низ барои ободии Ватан, ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона хизмат хоҳанд кард.
Исмоил ФАЙЗИЗОДА,
муовини якуми Раиси Федератсияи
иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон


