Category Archive for : ‘Ахбор’

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ҚАРАХОН ЧИЛЛАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ҚАРАХОН ЧИЛЛАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Собиқадорони арҷманди ҳаракати иттифоқҳои касаба! Муҳтарам роҳбарону фаъолони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба! Ҳамкасбони гиромӣ ва аъзои иттифоқҳои касабаи кишвар! Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки ҳамасола 24-уми октябр таҷлил мегардад, сидқан табрик мегӯям. Рӯзи иттифоқҳои касаба на танҳо арҷгузорӣ ба заҳмати чандин насли кормандон ва фаъолони ин ҳаракат, […]

24 ОКТЯБР – РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

24 ОКТЯБР – РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамасола 24 октябр таҷлил карда мешавад. Ин сана расман тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 29 декабри соли 2021 муқаррар шуда, бори аввал дар кишвар 24 октябри соли 2022 ҷашн гирифта шуд. Санаи 24 октябр ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои […]

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТУРКМАНИСТОН БАХШИДА БА  24 ОКТЯБР – РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТУРКМАНИСТОН БАХШИДА БА 24 ОКТЯБР – РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз бахшида ба рӯзи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҷониби раиси Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон Бердилиева Огулҷеннет Какадурдыевна ба унвони Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам Қарахон Чиллазода барқияи шодбошӣ ворид гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст: Муҳтарам Қарахон Чиллазода! Аз номи Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон […]

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон миёни донишҷӯёни муассиса мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 октябр таҷлил мегардад, баргузор шуд. Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ, таҳкими […]

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи […]

ТОБИСТОН-2026

5 майи соли 2026 дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон–2026» бахшида ба ташкилу назорат ва омодагии ҳамаҷонибаи макони истироҳати кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши муҳим раисони ташкилотҳои ҳамузви Федератсия, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Ҷаласаро раиси Федератсияи иттифоқҳои […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд

ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ – 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо фаъолони вилоят ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, мисли лаҳзаҳои истиқболи эшон, бо шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, барои иҷрои супоришҳои Ҳукумати […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 27.06.2025 /АМИТ «Ховар»/.  27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҳозирин ва мардуми шарифи кишварро бо санаи муҳими таърихӣ солгарди ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки мо […]