ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Қатар баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барпошавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо, […]
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуда, бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагӣ, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, мавизи хушсифат, ширинии […]
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз тарафи соҳибкор – роҳбари хоҷагии […]
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд. Иншооти мазкур дар […]
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Спартакиадаи варзишӣ бахшида ба муносибати Рӯзи Иттифоқҳои касаба, ки ҳамасола 24-уми октябр таҷлил мегардад, аз рӯи намуди футболи калон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқа баргузор гардида истодааст. Дар варзишгоҳи калони Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври нимниҳоии мусобиқа байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи […]
ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намуд. Дар доираи ин вохӯрии судманд Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лавҳа бо матои бофтаи нақшин, […]
ДУШАНБЕ, 15.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 144 миллион сомонӣ сохтмони боз 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад. Танҳо давоми 20 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 2 миллиард сомонӣ равона гардида, дар натиҷа заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле […]
ДУШАНБЕ,15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи умумичинии иттифоқҳои касаба Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ 14 октябр дар Душанбе дар вохӯрии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва […]
14.10.2024. Моҳи майи соли 2023 зимни ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Хитой-Осиёи Марказӣ сарони Тоҷикистону Хитой якҷоя оид ба созмон додани ҷамъияти ягонаи тақдирсози тоҷику хитойро эълон намуданд, ки дар асоси дӯстӣ ҳамраъйӣ манфиати дуҷониба ва бурди дутарафаи наслҳо асос ёфтааст. Дар ин радиф имрӯз дар толори меҳмонхонаи “Румӣ”- и шаҳри […]
