Рӯзи иттифоқҳои касаба – Як рӯйдоди муҳими таърихии даврони истиқлоли миллӣ

Рӯзи иттифоқҳои касаба – Як рӯйдоди муҳими таърихии даврони истиқлоли миллӣ

Муҳтарам аъзои иттифоқҳои касаба, ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром  ва  самимияти бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати 24 октябр – Рӯзи иттифоқҳои касаба табрик менамоям.

Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба, ҷашнгирии он ба ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.

Зеро  дар ҳамин рӯз , яъне 24 октябри соли 2019 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Зимни мулоқот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст қайд намуд, ки: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.»

Мулоқоти мазкур, на танҳо ба таҳкими ҳаракати Иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт, балки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастуру ҳидоятҳои хеш  дурнамои ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд.

Пешвои миллат зимни мулоқот дастур дод, ки дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Яъне дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад.

Пешвои миллат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки бояд фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мувофиқ намуда, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешад.

Бори дигар бо ин иди саиду фархунда ҳамаи Шуморо табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, саодатмандӣ, некномию сарфарозӣ ва дар амалӣ гаштани ҳадафҳои нек баҳри пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз пирўзиву комёбиҳо таманно менамоям.

Бо эҳтиром,

Раиси Федератсияи иттифоқҳои

касабаи мустақили Тоҷикистон

Маликшо Неъматзода

Leave a Comment

Your email address will not be published.