Category Archive for : ‘Ахбор’

Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Қурбон тӯй ё маросиме нест, ки боиси вазнин шудани вазъи молии инсон ва аъзои оилаи вай гардад»

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом ҳикмати ин иди муқаддас, пеш аз ҳама, эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус, падару модар, дигар калонсолон, шукронаи зиндагии орому осуда, омурзиши гуноҳҳо, хайру саховат, тарғиби ростиву […]

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

15.06.2024, шааҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Тибқи таълимоти […]

Иштирок дар Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ба дарахтон об диҳед!”

Санаи 15 июни соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо вобаста ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон мебошад ва инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, […]

КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА МАВСИМИ НАВИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА САФАРБАР МЕГАРДАНД

13.06.2024. Дирӯз дар назди бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маросими сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ баргузор гардид. Роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аҳли ҳозиринро шодбошӣ намуда, ба онҳо истироҳати бофароғат дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ орзу намуд. Зикр гардид, ки ғамхорӣ   нисбати қишрҳои ниёзманди  аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон яке аз масъалањои […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд. “Мо таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии роҳбарияти […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои энергетикӣ, нақлиётию […]

РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МОҲИ ИЮН

РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР МОҲИ ИЮН

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» – Рӯзи иди Қурбон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад, таҷлил карда шуда, рўзи ғайрикорӣ муқаррар карда шудааст. Имсол – 16 июн (якшанбе) – Иди Қурбон ҷашн гирифта шуда, рӯзи ғайрикорӣ дониста мешаванд. Дар […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд. “Дар шахси Шумо ба кишвари дӯсти Зимбабве, ки […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид […]