Дар вилояти Суғд мизи мудаввари миллӣ дар мавзӯи: «Тақвият додани нақши иттифоқҳои касаба дар таъмини муҳити солим ва бехатари меҳнат, аз зӯроварӣ ва таъқиб дар системаи тандурустӣ», бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баромад кард. Дар чорабинии мазкур роҳбарони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Муғулистон ва масъулини Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок намуданд.