Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, бо ибтикори ташкилоти ибтидоии “Шифо”-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи табибони Тоҷикистон” чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини Раиси шаҳри Душанбе – Одилзода Дилбар, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шодихон Ҷамшед, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе – Шарифзода Хушвахт Салим, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат, собиқадорони соҳа ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ баромадкунандагон кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро ба Иди касбиашон табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми онҳо барору муваффақият таманно намуданд.