ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

20.11.2024. Дар Муассисаи давлатии “Маркази назоарти давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и шаҳри Душанбе вобаста ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гашт, ки дар он сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи марказии раёсати мазкур иштирок доштанд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Пасон, сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Гуфта шуд, ки мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад. Имрӯзҳо бо шарофати ҷавонпаҳлавонони тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ парафшон гардида, боиси ифтихору сарфарозии кулли тоҷикистониён мегардад.

Сипас раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, доир ба таърих ва мақому манзалати Парчами давлатӣ ибрози андеша кард. Дар анҷоми чорабинии идона як қатор кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бо нишони фаъол ва Ифтихорномаи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.