ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ 30-СОЛАГИИ ҲХДТ АЗ ҶОНИБИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ 30-СОЛАГИИ ҲХДТ АЗ ҶОНИБИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Ба муносибати 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 11- уми декабри соли 2024 дар толори кинотеатри “Ватан” бо ибтикори раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Илму маориф – ҳадафи асосии сиёсати ҲХДТ” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло – директори Коллеҷ, Абдураҳмон Хонзода – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Маликшо Неъматзода – раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шерхон Салимзода – узви Шурои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шоҳзод Раҳимзода – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва кормандону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар қисмати аввали ҳамоиш Маликшо Неъматзода, Абдураҳмон Хонзода, Шерхон Салимзода ва Зоир Ғафурӣ дар бораи таърихи таъсисёбии ҲХДТ, хизматҳои бузургу арзишманд ва мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таъсиси давлатдории навини тоҷикон, пойдории сулҳу субот, рушди инфрасохтори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар кишвар маърузаҳои судманду пурмуҳтаво пешниҳод карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар бахши дуюми чорабинӣ ба муносибати 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ барномаи хотирмони фарҳангӣ – фароғатӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии Коллеҷ ва ҳунармандони маъруфи кишвар манзур гардида, аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт.

Leave a Comment

Your email address will not be published.