Роҳбарони иттифоқҳои касабаи миллӣ ва иттиҳодияҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба аз ҳашт кишвари ИДМ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба дар Маскав ҷамъ омаданд. Дар маҷмӯъ, беш аз 40 намояндаи созмонҳои иттифоқи касаба аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ба пойтахти Русия омаданд.
Дар чорабинӣ вакилони Думаи Давлатӣ иштирок карданд. Мавзӯъҳои асосии муҳокима дар ҷаласа амалҳои муштараки иттифоқҳои касабаи давлатҳои мустақил оид ба ҳадди ақали музди меҳнат дар минтақа ба сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ, таъсири тағйирот дар қонунгузории ҳамаи ҳашт кишвар ба равандҳои муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ буданд. Дар ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода иштирок ва баромад намуд.