30 СОЛИ САРШОР АЗ ИФТИХОР ВА ПИРӮЗИҲО БО ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

30 СОЛИ САРШОР АЗ ИФТИХОР ВА ПИРӮЗИҲО БО ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Таҳти ин унвон  имрӯз 12-уми декабри соли 2024 дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис”-и ҲХДТ дар ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Ширинбекзода Садриддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷурабек, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, ректори ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, раиси КИИ “Муҳандис” – Давлатзода Қудрат Қамбар, аъзои фаъоли ҲХДТ аз КИИ “Муҳандис” ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд.

Тибқи барномаи ҳамоиш сараввал, меҳмонон ва иштирокчиён аз намоишгоҳи оростанамудаи КИИ “Муҳандис”, ки аз дастовардҳои илмию эҷодӣ ва ихтирооти устодону донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, ҳамзамон, аз асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат буд, дидан намуданд. Дар идома, дар толори Донишгоҳ қисмати сиёсии ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Сараввал, раиси КИИ “Муҳандис” – Давлатзода Қудрат Қамбар сухаронӣ намуда, аҳли толорро, ки ҳама аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мебошанд, ба ифтихори таҷлили ин санаи бисёр муҳиму муқаддас барои ҳар як узви ҳизб, яъне солгарди таъсисёбии ҲХДТ самимона шодбош намуд.

Дар идома, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Ширинбекзода Садриддин оид ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла дар ташаккули соҳаи маориф, тарғиби омӯзиши илмҳои замонавӣ, мусоидат намудан ҷиҳати омӯзиши илмҳои тақиқ, табиӣ ва риёзӣ, дастгирӣ ва муаррифӣ намудани ҷеҳраҳои навовару ихтироъкор ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.

Зимнан, зикр гардид, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 30 соли фаъолияти босамари хеш бо роҳандозӣ намудани як қатор чораҳои мушаххас ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илми кишвар, ки яке аз бахшҳои муҳими Барномаи ҳизб ба ҳисоб меравад, талошҳои пайваста намуд ва минбаъд низ дар самт бо роҳандозӣ намудани ғояҳои созандаи хеш ва амалӣ намудани барномаҳои мушаххас ҳамеша сайъ менамояд.

Дар ин радиф, раиси Федеретсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо Маҳмадшо оид ба талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси ҲХДТ, ҳамзамон, оид ба барқарорсозии сулҳу салоҳ дар кишвар, пойдории амнияту субот, ҳифзи якпорчагии мамлакат ва рушду ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навини миллии тоҷикон суханронӣ намуд. Дар ин раван, як қатор аъзои фаъоли ҲХДТ аз КИИ “Муҳандис”, ки дар иҷрои рисолати бар дӯш доштаи хеш собитқадамона фаъолият намуда, дар татбиқи мақсаду ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ саҳми созгор доранд, бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идомаи баргузории ҳамоиш, бо иштироки ҳунармандони шинохта ва дастаҳои ҳунарии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ барномаи зебои консертӣ бо фарогири шеъру сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд, ки ба таъбу завқи ҳар яки онҳо таровати дигарро зам намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.