Санаи 6 майи соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки ҷанговарони башардуст, ашхоси ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда, собиқадорон, ки дар соҳа кору фаъолият мекунанд, як қатор раисони кумитаҳои иттифоқи касаба аз ташкилоту корхона ва муассисаҳои соҳавии шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳа ва меҳмонон баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Раҷабов бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва умуман, кулли собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашударо бо фарорасии 80 – умин солгарди иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 табрику муборак намуда, барояшон сиҳатмандӣ, хонаободӣ, умри

дарози бобаракат, дар фаъолияти ҳамарўзаашон нерўи тоза, самараи баланди меҳнатӣ, барору комёбиҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Корномаҳои фарзандони шуҷову матиниродаи миллати мо дар ин фоҷеаи мудҳиштарини асри ХХ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст, ки ба тарбияи насли имрўза ва оянда намунаи ибрат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо ветеранҳои ҷанг қайд намудаанд, ки «Корнамоӣ ва ҷонфидоии модарону падарон моро даъват менамояд, ки ватанамонро азизу гиромӣ дорем ва барои ободии он худ ҳиссаи арзанда гузорем»
Муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати ҷашни 9 –май Рўзи Иди Ғалаба табрику таҳният гуфта барояшонон сиҳатмандӣ, хонаободӣ, умри дарози бобаракат файзу нишоти зиндагиро таманно намуд. Дар охир ҷанговарони башардуст, ашхоси ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда, собиқадорон, ки дар соҳа кору фаъолият мекунанд, дар вазъияти тантанавӣ бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи соҳа ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.