Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд. Шаҳри Пистоя дар вилояти Флоренсия ва минтақаи Тосканаи Италия, яъне дар яке аз қисматҳои марказии кишвар қарор дошта, бо таҷрибаи пешқадаму […]
