Category Archive for : ‘Ахбор’

Ҳамоиши ҳизбӣ дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Ҳамоиши ҳизбӣ дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Санаи 16 марти соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ҳамоиши ҳизбӣ дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур муовини якум […]

МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАРСИ БУЗУРГЕСТ БАРОИ ҶАВОНОН

МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАРСИ БУЗУРГЕСТ БАРОИ ҶАВОНОН

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори васеъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки Маликшо Неъматзода Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Чоршанбезода Сураҷ Сайнак муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навбатии ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони […]

Дар Душанбе Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд

Дар Душанбе Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд

Имрўз дар шаҳри Душанбе, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид. Қайд кардан лозим аст, ки 30 декабри соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №591 Созишномаи генералӣ маъқул донитса шуд.  Созишномаи генералӣ бо […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор намуданд

ДУШАНБЕ, 26.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин дигар масъалаҳои ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд. Дар машварати корӣ, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири […]

Суратгузориш

Суратгузориш

Роҳбарияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд афсарону сарбозони қисмҳои низомии дар ҳудуди вилоят бударо ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику қадрдонӣ намуд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврали соли 2024, шаҳри Душанбе Муҳтарам генералҳо,афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям. Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони […]

ЁРИИ АМАЛӢ БА ТАШКИЛОТҲОИ ҲАМУЗВ

ЁРИИ АМАЛӢ БА ТАШКИЛОТҲОИ ҲАМУЗВ

Санаи 20 феврали соли 2024 дар ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони кумитаи иттифоқи касабаи муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Раёсати молияи ноҳия, Маркази ёрии иҷтимоӣ ва ҷамоати шаҳраки Деваштич оид ба бастани шартномаи коллективӣ, таҳияи нақшаи кории иттифоқи касаба, истифодаи мақсадноки маблағҳои […]

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА 31 – СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ Абдуллозода Шарифулло – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Самизода Мӯсобек – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, Қурбониён Абдураҳим мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва корҳои […]